09:22 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Ҳаҷиме Китаоке, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон

Паёми хайрбодии Файзов ба сафири Ҷопон дар Тоҷикистон

мақомоти иҷроияи ВМКБ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
63 0 0

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба Ҳаҷима Китаока, ки фаъолияташро ба ҳайси сафири Ҷопон дар Тоҷикистон анҷом дод, паёми хайрбодӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Файзов дар паёмаш ба Китаока, ки бо қарори Ҳукумати Ҷопон сафир дар Эстония таъин шудааст, барои корҳои анҷомдодааш дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Раиси ВМКБ гуфт, сарфи назар аз мушкилоти сафар ба вилоят, Китаока ҳамеша шахсан дар лоиҳаҳое, ки аз ҷониби сафорат амалӣ мешуданд, иштирок мекард, бо мардум суҳбат меоросту ба дархостҳояшон расидагӣ менамуд.

Ёдгор Файзов изҳори умед кардааст, ки ҳамкории судмандро бо сафири ҷадиди Ҷопон дар Тоҷикистон низ идома хоҳанд дод. Ӯ барои Китаока умри дарозу хушбахтӣ таманно карда, дар кори наваш муваффақият орзу намудааст.

Ахиран Ҳукумати Ҷопон қарор кард, ки Ҳаҷима Китаока ба мақоми сафири ин кишвар дар Эстония таъин карда шавад. Бар асоси тасмими Ҳукумат, ки расонаҳои ҷопонӣ онро нашр кардаанд, Китаока кор дар мақоми навашро аз даҳаи дуюми моҳи сентябр оғоз мекунад.

Ҷопон ба Тоҷикистон 90 адад мошини ёрии таъҷилӣ мефиристад

Ҳаҷима Китаока соли 2016-ум ба мақоми сафири Ҷопон дар Тоҷикистон таъин шуд ва дар ин мансаб Такаши Камадаро иваз карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ