02:08 26 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
61 0 0

Ин масъаларо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 сен - Sputnik. Дар шаҳри Теҳрон мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Додситони кулли ин кишвар - Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ баргузор гардидааст.

Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷониба дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, мубориза ба ҷинояткорӣ баррасӣ гардидааст.

"Таҳкими ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар, хоссатан Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додситонии кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди муҳокима қарор гирифтанд", омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанберо бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири навтаъйинро шодбош гуфта, амалисозии пайвастаи татбиқи ташаббусҳои созандаи сарони давлатҳоро вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ кард.

Маҷлиси Шӯрои исломӣ Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба Эрон даъват кард

Лоринҷонӣ аз раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар вақти барояш мувофиқ анҷом бо сафари расмӣ ба Теҳрон ташриф биёрад.

Собирӣ таъкид намудааст, ки дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Сафир бо ҷалбу сафарбарии имкониятҳои мавҷуда дар татбиқи масъалаҳои матраҳгардида ва тавсеаи муносибатҳои кишварҳои дӯст талош хоҳад кард.

Барчаспҳо:
додситонии кулл, густариши муносибатҳо, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ