16:13 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Сироджиддин Мухриддин, архивное фото.

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон вазъияти марзро баррасӣ карданд

© Sputnik / Алексей Филиппов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
505 0 0

Вобаста ба ҳодисае, ки дар минтақаи постгоҳи марзии “Максат” шоми 16 сентябр рух дод, вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва Чингиз Айдарбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон вазъияти марзро, ки ахиран миёни низомиёни ду кишвар тирандозӣ сурат гирифтааст, баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон.

“Вобаста ба ҳодисае, ки дар постгоҳи марзии “Максат” дар минтақаи ба ном “Футболное поле”, шоми 16 сентябри соли равон рух дод, вазири хориҷаи Қирғизистон Чингиз Айдарбеков бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин суҳбати телефонӣ анҷом дод ”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки дар натиҷаи тирандозӣ дар марз бо Қирғизистон якчанд шаҳрванди кишвар маҷрӯҳ шудааст.

Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо нашри як баёния шоми душанбе эълон намудааст, ки Қирғизистон бархилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, санаи 16-уми сентябри соли равон дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз мақомти Қирғизистон эълон кард, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон зикр намудааст, ки айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 дарсади и он, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Пурра таъйин нашудани хатти марз, борҳо ба рухдоди муноқишаҳои марзӣ боис мешавад.

Барчаспҳо:
марз, вазъият, вазири хориҷа, суҳбати телефонӣ, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ