06:26 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Сироджиддин Мухриддин Лиу Женмин, архивное фото

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли СММ мулоқот кард

© Пресс-служба МИД РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
4710

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли СММ Лю Ҷенмин дидор кардааст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Рӯзи 20 сентябр, дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмааи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли СММ Лю Ҷенмин дидору мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ кардаанд.

"Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар робита ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", аз ҷумла тадорукот, ба Конфронси дуввуми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки авохири моҳи август дар Душанбе мулоқоти намояндагони СММ ва масъулини вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори СММ баррасӣ шуд.

Он замон, Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Мами Мизутори, намояндаи вижаи Дабири кулли СММ доир ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ ва Асако Окаӣ, муовини Маъмури Барномаи рушди СММ (БРСММ) мулоқот карда буд.

Барчаспҳо:
вазорати корҳои хориҷӣ, Сироҷидин Аслов, СММ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ