05:50 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Дворец Навруза, архивное фото

Ду рӯзи Кунио Микурия дар Тоҷикистон: аз мулоқот бо Раҳмон то боздид аз дидбонгоҳҳо

© Sputnik Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
172 0 0

Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Меҳмон бо раҳбарияти олӣ мулоқот хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Имрӯз дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия бо сафари се рӯзаи корӣ аз 23 то 25 сентябр, ба шаҳри Душанбе ворид мешавад.

Дар назар аст, мақомдори баландпоя дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишҷӯён машғулият гузаронад.

Ҳамчунин, Кунио Микурия ин ҷо бо ректори Донишгоҳ Муҳаммадюсуф  Имомзода дидору мулоқот хоҳад кард.

Дар баробари ин дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия рӯзи 23 сентябр, бо сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва роҳбари КВД "Равзанаи ягона" - и Тоҷикистон гуфтугӯ хоҳад кард.

Дар назар аст, шоми имрӯз Кунио Микурия бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кунад.

Пас аз дидор бо раҳбарияти олӣ, меҳмон аз Кохи "Наврӯз" боздид хоҳад кард.

Рӯзи 24 сентябр дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия аз дидбонгоҳҳои гумрукии "Терминал"-и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе, дидбонгоҳи "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунзода ва Боғи ангур боздид хоҳад кард.

Ҳамчунин фардо, меҳмон бо вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода мулоқот хоҳад кард.

Мавзӯъҳои асосӣ