04:04 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Мазори Ислом Каримов дар Самарқанд, акс аз бойгонӣ

Дуои Шукурҷон Зуҳуров дар мазори Ислом Каримов

© Sputnik / Стас Этвеш
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
198 0 0

Ҳайати парлумони Тоҷикистон зимни сафар ба Узбакистон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Самарқанд боздид намуд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Боздиди ҳайати Тоҷикистон аз зиёрати оромгоҳи нахустин раисиҷумҳури Узбакистон, шодравон Ислом Каримов дар шаҳри Самарқанд оғоз гардида, меҳмононро раиси палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон Нуридин Исмоилов ҳамроҳӣ намуд, хабар додаст "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва ҳамроҳони ӯ бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ дар назди марқади шодравон Ислом Каримов гулчанбар гузошта, бо дуову фотеҳаи нек рӯҳашро шод карданд.

Манбаъ аз қавли Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки ҳайати тоҷикистонӣ инчунин аз оромгоҳи  Ал-Бухорӣ, масҷиди “Ҳазрати хизр” расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек ва  майдони “Регистон” боздид намуда, бо таърихи бою рангини ин марказҳои қадимӣ шинос шуданд.

Зикр шудааст, ки расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек аз иншооти муҳимтарини асрҳои миёна мебошад, ки соли 1428 дар теппаи Куҳаки атрофи Самарқанд сохта шудааст. Қисми асосии он аз девор бо ҳудуди 40 метр ва бо қисми кории аз 20 то 80 дараҷа иборат мебошад.

Зуҳуров се соли роҳбарии Шавкат Мирзиёевро давраи ислоҳот ва тағйироти бесобиқа номид

Соли 1437 дар ин расадхона Қӯрғон — номгӯи осмони ситоразор тартиб дода шуда, дар он 1018 ситора дарҷ гардидааст. Дар ҳамин ҷо дарозии соли ситоравӣ 365 рӯзу 6 соату 10 дақиқа бо хатоии 58 сония муайян карда шудааст.

Ба ҳайати Тоҷикистон дар баробари Шукурҷон Зуҳуров инчунин роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров, вакилони мардумӣ Зуфар Исмоилзода, Ориф Ҳакимов, Мавзуна Шамсиддинзода ва мудири шуъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии дастгоҳи ин ниҳод Хушмуҳаммад Нуриддинзода шомил шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ