12:44 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Президент Украины Владимир Зеленский

Эҳтимол нахустин мулоқоти Путин ва Зеленский дар Фаронса баргузор шавад

© Пресс-служба президента Украины
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0

Владимир Зеленский раисҷумҳури Украина мулоқот намудан бо Владимир Путин сари масоили Донбасро бисёр муҳим арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Украина нахустин нишасти матбуотии калонро баргузор намуд. Зеленский изҳор доштааст, ки нишасти матбуотӣ то 10 соат идома мекунад. 

Бояд зикр намуд, ки Зеленский идеяи баргузор кардани чунин нишастро аз ҳамтои руси худ  Владимир Путин гирифтааст, ки он сар аз соли 2001 ҳамасола "Гуфтугӯи мустақим" бо шаҳрвандони Русияро баргузор мекунад.

Зеленский шарти асосии баргаштани Русия ба ҳафтгонаи бузургро пешниҳод кард

Зимнан, Зеленский дар ҷараёни нишасти хабарӣ гуфт, ки мулоқоти дуҷониба бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин сари масоили Донбас бисёр саривақтӣ аст.

Ӯ таъкид намуд, ки дидор ва мулоқоти онҳо дар ояндаи наздик баргузор хоҳад шуд. Ин аллакай чандумин маротиба аст, ки Зеленский аз омодаи мулоқот бо Владимир Путин ҳарф мезанад, вале то ҳол вохӯрии ду раисҷумҳурон доир нагардидааст.

Дастури Зеленский барои додани шаҳрвандии Украина ба шаҳрвандони Русия

Ҳадс зада мешавад, ки мулоқоти Путин ва Зеленский ахиран дар Фаронса баргузор мешавад.

Барчаспҳо:
мулоқот, Украина, Русия, раисҷумҳурон

Мавзӯъҳои асосӣ