02:08 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони ИДМ ба Туркманистон рафт

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
324 0 0

Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ба Туркманистон сафар кард

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Ишқободи Туркманистон сафар кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Зимнан Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Прокурори генералӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Мирзиёев ба Ишқобод меравад, вале сафари Раҳмон то ҳол тасдиқ нашудаст

Сафари раисҷумҳури Раҳмон ба Туркманистон дар ҳолест, ки соли гузашта Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раёсати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок накард ва Пурлӣ Оқомуродов, ноиби сарвазири Туркманистонро фиристода буд.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Барчаспҳо:
сафар, Туркманистон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ