17:16 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин

Бо даъвати Раҳмон: эълони рӯзи сафари Вячеслав Володин ба Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
280 0 0

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо роҳбарони ду палатаи парлумони Тоҷикистон дидору мулоқот хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik.  Рӯзи 18 октябр раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон бо такя ба дастгоҳи раиси Думаи давлатии Русия хабар медиҳад.

Қарор аст, дар доираи сафари худ Володин рӯзи 19 октябр, бо мақомоти олии Тоҷикистон ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дидору мулоқот намояд.

Ҳамчунин, бино ба гузоиши расонаҳои тоҷикӣ, дар ин рӯз Вячеслав Володин ба  майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе рафта, бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" гулчанбар мегузорад.

Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Дар назар аст, ки меҳмон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва "Кохи Наврӯз" дидан намояд.

Инчунин, Вячеслав Володин зимни сафараш ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон хоҳад рафт ва бо донишҷӯёну устодони ин донишгоҳ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Сафари раиси Думаи давлатии Русия то 20 октябр давом мекунад.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Вячеслав Володинро ммоҳи апрел ҳангоми сафари расмиаш ба Русия, ба Тоҷикистон даъват карда буд.

“Ман мехоҳам Шуморо ҳамроҳ бо намояндагони фраксияҳо ба Тоҷикистон даъват намоям”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти дуҷониба бо Вячеслав Володин.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, сафар, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ