11:15 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Кахраман Сулеймани председатель Центр персидской культуры в Москве

Қаҳрамон Сулаймонӣ: Тоҷикистон кишварест зуҳураш барои Эрон иттифоқи хуҷаставу муборак буд

© Sputnik /
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
147 0 0

Мо бо тоҷикон мероси тамаддуни муштарак дороем ва ногузерем бе ҳам зиндагӣ кунем. Мо ҳатто қаламрави фарҳангии ягона дорем ва бояд бо ҳам бошем

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Қаҳрамон Сулаймонӣ, раиси Ройзании фарҳангии Эрон дар Маскав аз беҳ шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Эрон  то ба муштаракоти халқияти ҳарду кишвар суҳбат карад.

Ӯ дар мусоҳибаи ба Sputnik Тоҷикистон якдигарнофаҳмиҳои солҳои охирро миёни ҳарду кишвар аз шикебу каҷиҳои равобити сиёсӣ хонд.

“Корҳои сиёсӣ ва равобити сиёсӣ дар ҳама ҷои дунё фарозу фуруд доранд. Тасавури ин, ки дар кори сиёсӣ ҳамеша як сатҳе вуҷуд дорад, миқдоре душвор аст. Хушбахтона итифоқоте, ки ба миён омадаанд, дар чанд моҳи охир махсусан, итифоққоти мубораке ҳастанд. Ман умедворам, ки ин ду кишвар масири равобити густардаву гарму дӯстонаро дубора аз сар бигиранд”, мегӯяд Сулаймонӣ.  

Он дар идомаи суҳбат қайд кард, ки Эрону Тоҷикистон ду пораи як пайкарвораи воҳид ҳастанд. Мо ногузир ҳастем аз ин, ки бе ҳам кору зиндагӣ кунем. Ва сарнавиштамон дар қаламравҳои таърихӣ бо ҳам вобаста аст. Ҳар осебе, ки Тоҷикистон бубинад бегумон ин осеб моли Эрон ҳаст ҳамон гунае, ки осебе ба Эрон расад дӯстони тоҷикамон ҳам осеб хоҳанд дид. Пайвастагиҳои таърихиамон аз замони устураҳо ва қабл аз таърих аст, ва ҳоло мо наметонем аз ҳам бегона бошем ва равобити номатлуб дошат бошем.   

Мутаассифона дар чанд соли охир иттифоқоти номатлубе уфтода буд. Тақрибан ҳамаи касоне, ки дар риштаҳои фарҳангию сиёсӣ дар Эрон кор мекунанд барояшон вазъи розикунандае набуд. Аммо бо хуб шудани вазъ мо умедворем, ки дубора бо гуфтугӯю ҳамроҳӣ ва ҳамдилӣ масири мусолиматро пеш  мебарем.

Фикр мекунам вожаи якдигарнофаҳмӣ метавонад ин вазъиятро тавзеҳи хубе дода бошад. Шояд гоҳо мо дар масири корҳоямон фирефтаи якдигарнофаҳмӣ шавем, аммо ин ба маънии он нест, ки мо метавонем аз якдигар ҷудо бошем, балки бояд барои ҳали ихтилофҳо чораҷӯи кунем.

Тоҷикистон кишвари ҳамзабонӣ мост, кишварест, ки барои мо ирониҳо зуҳураш дар маҷмӯаи ҷаҳони муосир як иттифоқи бисёр хуҷаставу муборак буд.

Мо бо тоҷикон мероси тамаддуни муштарак дороем ва ногузирем бе ҳам зиндагӣ кунем. Мо ҳатто қаламрави фарҳанги ягона дорем ва бояд бо ҳам кор кунем ва бо ҳам бошем.

Як ҷамъияти калоне аз азизони тоҷикамон дар Русия ба сар мебаранд ва эрониҳо низ дар ин ҷо ҳастанд. Эрон дар ин ҷо маркази фарҳангӣ дорад ва маҳз ин марказ метавонад ҳалқаи пайвандгар бошад барои ин маҷмӯаҳои муштарак. Хушбахтона дар Маскав Сафорати Тоҷикистон масири хуберо ба кор гирифтааст ва мо метавонем барномаҳои муштараке дошта бошему баргузор намоем.   

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Теҳрон, Душанбе, фарҳанг, Маскав, Русия, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ