05:32 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев

Николай Патрушев озими Душанбе шуд

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Дар фурудгоҳи байнамилалии Душанбе Николай Патрушевро котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳайати коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амнияти Федератсияи Россия бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омад, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор мегардад.

Инчунин имрӯз вохӯрии Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев дар назар аст.

Патрушев: Русия барои таҳкими артиши Тоҷикистон кумак хоҳад кард

Ёдрас мешавем, ки ахиран Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи саӣёри раисони кумитаҳо ва комиссияҳо доир ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои аъзои СПАД баргузор шуда буд.

Барчаспҳо:
омад, Душанбе, Николай Патрушев

Мавзӯъҳои асосӣ