07:32 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Секретарь Совбеза России Николай Патрушев с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном, архивное фото

Мулоқоти Раҳмон бо Патрушев: танҳо бо талошҳои муштарак ҳамаи таҳдидҳоро решакан мекунем

© Фото: Пресс служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
145 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев мулоқот доир намуд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Николай Петрушевро ба ҳузур пазируфт.

Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев
© Sputnik / Алексей Никольский

Кишвардори Тоҷикистон дар оғози мулоқот таъкид доштанд, ки таъмини амнияту субот яке аз бахшҳои калидии ҳамгироии Тоҷикистону Россия ба ҳисоб меравад ва ҳамкориҳои ҳар ду ҷониб дар ин ҷода рушд карда истодааст.

Николай Патрушев ба Душанбе меояд: амниятиҳои Русияву Тоҷикистон чиро баррасӣ мекунанд?

Ҳамчунин зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки танҳо бо талошҳои муштарак метавон дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва дигар таҳдидҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Таъкид гардид, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзур кардани иқтидори мудофиавии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон, бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шавад. Дар ин самт ҳамчунин ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амниятии ҳар ду кишвар зарур шумурда шуд.

Патрушев: Русия барои таҳкими артиши Тоҷикистон кумак хоҳад кард

Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчуби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории низомӣ ва ҳарбӣ - техникӣ ва таҳкими робитаҳои байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Барчаспҳо:
Николай Патрушев, мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ