17:33 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Президент США Дональд Трамп

Трамп мегӯяд ҳузури Амрико дар Сурия ҳатмӣ ва зарур аст

© REUTERS / BRENDAN MCDERMID
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Феълан сарҳадоти Сурияро низомиёни Туркия ва Русия назоратмекунанд ва Амрико мегӯяд, ки муҳофизат намудани сарҳади ин кишвар вазифаи онҳо нест

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Доналд Трамп мегӯяд, Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ сарҳадоти Сурияро назорат нахоҳад кард ва бигзор ба ин кор Русия ва Туркия овора шаванд.

"Амрико танҳо назорати сарҳаде, ки он ҷо нафт мавҷуд аст, ба зиммаи худ мегирад", мегӯяд Трамп.

Хабаргузории "Известия" аз қавли президент Трамп хабар медиҳад, ки қатъи оташбас дар Сурия бисёр саривақтӣ буд ва барои Амрико нафъовар, чун ин кишвар тавонист ба идомаи ҳифзи сарҳаде, ки нафт он ҷо мавҷуд аст, давом диҳад.

Зимнан Трамп изҳор намудаст, ки мехоҳад низомиёни худро аз маҳали даргири ин кишвар берун  орад. Чун қисмати зиёди аскарони Амрико дар хоки Сурия қарор доранд ва маҳалли нафтро муҳофизат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки сар аз рӯзи 9 октябри соли равон бо амри раисҷумҳури Туркия ҳамалоти низомӣ дар шимоли Сурия шурӯъ шуд.

Эрдуғон ин амалиётро "Манбаи сулҳ" номида, ҳадафи онро мубориза алайҳи Давлати исломӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи курдӣ арзёбӣ кард.

Созиши сарнавиштсози Путину Эрдуғон дар масоили Сурия

Бо гузашти 8 рӯзи ин амалиёт раисҷумҳурони Туркия ва Амрико барои  оташбас намудан ба мувофиқа расиданд.

Ҳамзамон санаи 22 октябри соли равон дар шаҳри Сочи, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Владимир Путин низ ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ба навбат ҳифозати марзи Сурияро бар уҳда мегиранд.

Барчаспҳо:
Сурия, Амрико, Доналд Трамп

Мавзӯъҳои асосӣ