19:17 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Тасдиқи сафари Раҳмон ба Аврупо: боздид аз Фаронса, Швейтсария, Чехия

© Sputnik Карен Епремян
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
680 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳафтаи оянда бо сафари расмӣ озими Аврупо хоҳад шуд. Сафари мазкур мақоми расмӣ дорад, хабар додаанд мақомоти тоҷик

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз Швейтсария, Чехия ва Фаронса боздид кунад, омодааст дар матлабе, ки сомонаҳои расмии Тоҷикистон нашр кардаанд.

Манбаъ афзудааст, ки эҳтимол раисиҷумҳури Тоҷикистон аз кишварҳои дигари Аврупо низ боздид кунад.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо масоили амниятӣ, таҳкими ҳифзи сарҳад, тиҷорату иқтисод ва ҳамкориҳо дар бахши маориф, илм ва фарҳангро баррасӣ менамояд.

Қаблан Абдуллоҳ Раҳнамо, мушовири мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон иддаои сард шудани муносиботи Душанбеи расмӣ бо Иттиҳоди Аврупоро “миф” хонда, даъвати расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронсаро далел овард.

Раҳнамо гуфт, Аврупо Тоҷикистонро шарики муҳими худ дар Осиёи Марказӣ медонад. Ӯ афзуд, дар баъзе расонаҳо чунин тасаввур ё “миф” сохта шудааст, ки гӯиё равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои аврупоӣ солҳои охир заиф шуда бошад.

“Аммо агар ҳамин чанд моҳи охирро баррасӣ кунем, мо дар Тоҷикистон ҳам сафари президенти Иттиҳоди Аврупоро доштем, ҳам сафари Котиби генералии Созмони амнияту ҳамкории Аврупоро. Ду мақоми олитарин ва муҳимтарини Аврупо дар Тоҷикистон сафари расмӣ ва хеле муҳим доштанд”, - зикр карда буд Абдуллоҳ Раҳнамо.

Ӯ афзуд, ки дар тӯли ин сафарҳо раҳбарони аврупоӣ қатъиян изҳор карданд, ки ҷумҳурии Тоҷикистонро шарики муҳими худ медонанд ва ҳамин анҷом шудани сафари расмии раҳбарони аврупоӣ ба Тоҷикистон як аломати эътирофи мавқеъ ва аҳамияти кишвар дар ин минтақа аст.

“Ҳамаи ин нишон медиҳад, тасаввур дар бораи он ки муносибатҳои мо бо Иттиҳодияи Аврупо хуб нест, асос надорад”, - изҳори боварӣ намуд Раҳнамо.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Иттиҳоди Аврупо, сафар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ