03:28 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Конституция республики Таджикистан, архивное фото

Шашуми ноябр - Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон

© Sputnik Игорь Лекаркин
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
111 0 0

Сарқонун ё Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар соли 1994, дар айни ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ қабул шудааст, Тоҷикистонро як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ номид

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз аз 25-умин солгарди Қонуни Асосӣ - Конститутсияи кишвар таҷлил мекунанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, 6 ноябр дар саросари кишвар таътил аст ва дар шаҳри Душанбе марказҳои вилоятҳову навоҳӣ ба ин муносибат "сайру гашти идона"-и сокинон ташкил шудааст.

Ҳамчунин дирӯз ба ин муносибат бо ташаббуси мақомоти шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” таҳти унвони "Конститутсия -  сарчашмаи қонунгузории миллӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон" ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Рӯзи гузашта дар Кохи Борбад ба ифтихори таҷлили 25-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.

Раисиҷумҳур, мардуми кишварро ба муносибати 25-умин солгарди қабули Қонуни Асосӣ табрик гуфта ва аз "6 ноябри соли 1994" ба унвони "рӯзи таърихӣ" ёд карда, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ хонд.

“Мутаассифона, эълони истиқлол дар давлати мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти кишвар зикр кард, ки фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам орад.

Бо дарки чунин масъулияти таърихӣ 6 ноябри соли 1994 сокинони мамлакат дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари мутлақи онҳо (беш аз 87 фоиз) ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд.

Сарқонун ё Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар соли 1994, дар айни ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ қабул шудааст, Тоҷикистонро як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ номида, низоми давлатдориашро иҷтимоӣ медонад.

Баъд аз имзои Созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар соли 1997 бо ризоияти ду ҷониб дар соли 1999 ба Қонуни асосӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки бино бар онҳо Тоҷикистон соҳиби парлумони думаҷлиса шуда, аҳзоби динӣ дар кишвар ҳаққи фаъолият пайдо карданд.

Зимни ҳамин ислоҳот мӯҳлати фаъолияти раисиҷумҳур аз ду давраи панҷсола ба як давраи ҳафтсола иваз шуд ва таъкид гашт, ки як нафар наметавонад ду давра президент шавад. Аммо дар пайи тағйири дигарбораи Сарқонуни Тоҷикистон дар соли 2003 мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз як давраи ҳафтсола ба ду давраи ҳафтсола иваз шуд.

Барчаспҳо:
рӯзи Сарқонун, Сарқонуни ҶТ, сарқонун, ноябр

Мавзӯъҳои асосӣ