Путин раисҷумҳури Қазоқистонро то фурудгоҳи Омск гусел кард - навор

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин и президент Казахстана К.-Ж. Токаев
Президент РФ В. Путин и президент Казахстана К.-Ж. Токаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳурони Русия ва Қазоқистон дар Форуми ҳамкориҳои фаромарзӣ иштирок намуданд, ки аз 6 то 7 ноябр дар Омск баргузор гардида буд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Пас аз анҷоми Форуми ҳамкориҳои фаромарзӣ, раисҷумҳури Қазоқистон Жомар Тоқаевро президенти Русия Владимир Путин то фурудгоҳ гусел намуд.

Сухангӯи раисҷумҳури Қазоқистон Берик Уали низ дар сафҳаи Facebook - и худ акс ва навори гулес кардани Путин аз Қосим Тоқаевро гузошта, қайд намудаст, ки дар рафти гусели раисҷумҳури Қазоқистон президенти Русия шахсан худаш иштирок намуд.

Ба изҳори сухангӯи раисҷумҳури Қазоқичтон, форуми баргузоргардида бо муҳити корӣ ва дар айни замон фазои дӯстона фарқ дошт.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни форум консепсияи барномаи ҳамкории фаромарзӣ байни Русия ва Қазоқистон ва дигар санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба таҳия ва қабул карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0