12:47 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон дидор кард - видео

© AFP 2019 / DOMINIQUE FAGET
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
405 0 0

Дар Порис дидору мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури Фаронса Эманнуэл Макрон ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис мулоқоти кишвардорон Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон оғоз шуд, хабар медиҳад, Agence France-Presse.

Ҷузиъёти мавзуи мулоқоти президентҳо гуфта намешавад.

Эмомалӣ Раҳмонро президенти Фаронса Эманнуэл Макрон таҳти суруди миллии Тоҷикистон ботантана пешвоз гирифт.

Ёдрас мешавем, ки пеш аз дидор бо Макрон, Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони IV мулоқот кард ва масоили ҳамкории Тоҷикистон бо “Ташкилоти Оқохон оид ба рушд”-ро баррасӣ намуд.

Мулоқоти Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони lV дар Фаронса

Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Фаронса дидору мулоқот намуд.

Чархболҳо, маркази савдо дар Суғд ва созишномаи 200 миллион евроӣ: натиҷаи мулоқоти Париж

Президенти Фаронса Эманнуэл Марон бошад, чанде пеш аз сафари корӣ аз Чин бозгашт.

Барчаспҳо:
дидор, Фаронса, Эммануэл Макрон, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ