07:52 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото

Супориши Рустами Эмомалӣ: ходимони динӣ дар мактабҳо "дарс" гузаронанд

© Пресс-служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
789620

Раиси шаҳри Душанбе барномаеро тасвиб кардааст, ки мувофоқи он олимону коршиносон, равоншиносону мутахассисон ва ходимони дин дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар ҳамоишҳои тарбиявӣ баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Оғоз аз 8 ноябри соли равон то 4 июни соли 2020 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида, ки аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст, бо ширкати олимону коршиносон, равоншиносону мутахассисон ва ходимони дин дар муассисаиҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар, ки дар  пойтахт  фаъолият менамоянд, ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор мегарданд. 

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳанд.

Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии нахустини ҳайати корӣ имрӯз — 8 ноябр  бо ташаббуси мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе бо ширкати доираи васеи муҳассилину унвонҷӯён ва омӯзгорону устодон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои ташаккули  тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондўстӣ, ҳифзи солимии маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки  икдоми мазкур бо мақсади  иҷрои бандҳои марбутаи  нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 роҳандозӣ мегардад.

Барчаспҳо:
Душанбе, барнома, Рустами Эмомалӣ

Мавзӯъҳои асосӣ