00:08 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15

Коршинос: Узбакистон ҳамкориҳояшро бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё қавитар мекунад

© Sputnik /
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Мутахассиси клуби байналмилалии машваратии “Валдай” Федор Лукянов дар бораи манфиати восеътар намудани ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Шомилшавии Узбакистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзоро қавитар мекунад. Дар ин бора ба хабаргузории Sputnik мудири Бунёди рушд ва дастгирии клуби байналмилалии “Валдай” оид ба корҳои илмӣ Федор Лукянов қайд кард.

Ба гуфтаи коршинос дар ҳоли ҳозир истеҳсолоти асоси дар доираи ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё асосан дар Русия ва Беларус сурат мегиранд.

 “Бо сабабҳои  мавҷуда Узбакистонро мебояд ба Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё шомил гардад. Дар ин минтақа аз ин созмон дида пешниҳоди арзандатаре барои ҳамкориҳо вуҷуд надорад”, - мегӯяд Федор Лукянов.

Он қайд кардааст, ки анъанаҳои умумии ин иттиҳод имкон медиҳанд аз як ҷиҳат озодона ҳамкориҳоро бо дигар ҷонибҳо идома дод, аз тарафи дигар ҷонибҳо ба воситаи ҳамкорӣ вазъи худро беҳтар мекунанд.

 “Дурст аст, ки кори озод пилусҳои худро дорад, аммо аз минусҳоям орӣ нест, махсусан дар ҳоле, ки кишварҳои дигар бо ҳар роҳ бо ҳам мепайванданд. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ҳангоми қабули қарор ҳукумати Узбакистон ҳамаи ин ҷиҳатҳоро ба инобат мегирад”, - мегӯяд Федор Лукянов.

Дар ин ҳол коршинос илова кардааст, ки агар Узбакистон барои ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё розӣ шавад ҷраёни шомилшавии он на кам аз як сол давом хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 10-11 ноябри соли равон дар шаҳри Самарқанд Х-умин конфронси Осиёии клуби “Валдай” баргузор гашта истодааст. Дар кори конфронс коршиносону мутахассисон аз Русия, Узбакистон,  Олмон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Филиппин, Шветсия, ва Ҷопон иштирок мекунанд.  

Мавзӯъҳои асосӣ