06:40 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Консультативная встреча министров иностранных дел Центральноазиатских государств проходит в узбекской столице

Вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ сафари раисҷумҳурони минтақаро баррасӣ намуданд

Sputnik / Дильшода Рахматова
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
138 0 0

Дар пойтахти Узбакистон шаҳри Тошканд ҷаласаи вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дирӯз дар шаҳри Тошканд ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУХ Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Вазири умури хориҷии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд.

Гуфтамешавад, дар мулоқот масоили мавҷудаи рушди минтақа, самтҳои мухталифи ҳамкориҳои минбаъда ва дигар масъалаҳои муҳими мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Мулоқоти президентҳо: Бердимуҳаммадов наомад, Раҳмон меравад?

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ инчунин мавзӯъҳои Мулоқоти машваратии дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки охири моҳи ноябр дар Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Дар чорабинии мазкур бо иштироки сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди зерсохтори нақлиёт, ҳамкориҳои илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 27 - уми ноябри соли равон дар шаҳри Тошканд дидори машварати сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар Нур - Султон вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиё Марказӣ чиро баррасӣ карданд?

Охирин дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи март баргузор гардида буд. 

Он замон кишвардорон - Эмомалӣ Раҳмон, Сооронбой Жээнбеков, Шавкат Мирзиёев ва ҳамчунин раиси парлумони Туркманистон Акҷа Нурбердиев дар Нурсултон машварат карда буданд.

Барчаспҳо:
баррасӣ, Осиёи Марказӣ, вазирони хориҷӣ, Тошканд

Мавзӯъҳои асосӣ