15:57 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Раҳмон қарори барканории Салимӣ, ташаббускори унвони "Пешвои миллат"-ро имзо кард

Пресс-служба Президента Узбекистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
568201

Дар қарори имзокардаи раисиҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Салимӣ Носирҷон Юсуфзода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори барканории Носирҷон Салимӣ аз вазифаи мудири Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улумро имзо кард.

Қарори Ҳукумат нимаи моҳи равон, баъди он имзо шуд, ки парлумони Тоҷикистон номзадии Салимиро ба узвият дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қабул кард.

Носирҷон Салимӣ нахустин нафаре арзёбӣ мешавад, ки дар матбуот ба Эмомалӣ Раҳмон, додани унвони “Пешвои миллат”-ро пешниҳод карда буд. Ӯ доктори илмҳои филология, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, дар мақомҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (то соли 2010), ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (то соли 2012), директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (то соли 2014) ва то охири  соли 2018 ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст.

Интихоби Салимӣ ба узвияти КМИР дар ҳолест, ки ахиран бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадди ниҳоии кормандони дастгоҳи КМИР бидуни ҳайати хизматрасон 14 нафар муайян карда шуд.  Инчунин барои дастгоҳи КМИР ду мошини хидматӣ ҷудо шуда, таъкид гардидааст, ки маблағгузории кори дастгоҳ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад.

Арафаи интихобот: Президент теъдоди кормандони дастгоҳи КМИР ва мошинҳоро муайян кард

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон охири моҳи октябр бо пешниҳоди раисиҷумҳур таъини дубораи Худоёрзода Бахтиёр Таварро ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, таъини Абдуҷаббор Қодирзода ба мақоми муовини раиси КМИР ва 5 узви комиссия - Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар, Салимӣ Носирҷон Юсуфзода,  Азизова Муистон Бердиевна, Шодмонбеков Юсуфбек Рустамбековичро ба тасвиб расонда буд.

Барчаспҳо:
КМИРТ, таъин, барканорӣ, Ҳукумат, қарор, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ