Раҳмон озими нишаст шуд: ҳамла ба постгоҳи "Ишқобод" мавзӯи меҳварии ҷаласа мебошад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке
Эмомали Рахмон на заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамлаи мусаллаҳона ба постгоҳи марзии Тоҷикистону Узбакистон яке аз мавзӯҳои меҳварии рӯзномаи ҷаласа ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тоза ба нишасти сарони СААД пайваст, иттилоъ медиҳад хабарнигори  Sputnik Тоҷикистон.

Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бо Жээнбеков масъалаи марзро баррасӣ кард

Интизор меравад, дар ҷараёни нишасти сарони созмони мазкур, ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона ба постгоҳи "Ишқобод" воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни ин ҳамоиш қабл аз ҳама тақвияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро муҳокима мекунанд ва сипас ба мавзӯи нерӯи низомӣ ва таҳияи стратегияи глобалии зиддитеррористӣ таваҷҷӯҳ мекунанд.

Путин озими Қирғизистон шуд: барои пешвози ӯ Жээнбеков омад - акс

Қобили зикр аст, ки дар рӯзномаи ҷаласа 17 масъала, аз ҷумла ҷашни қарибулвуқӯи 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баррасӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин озими Ҷумҳурии Қирғизистон гардид. Дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас"  раисҷумҳури Русияро худи  Сооронбой Жээнбеков пешвоз гирифт.

Лентаи хабарҳо
0