14:47 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Пешниҳоди Раҳмон: кишвари мизбон Рӯзҳои фарҳангии мардумони Осиёи Марказиро баргузор кунад

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
311 0 0

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки минбаъд кишвари мизбон Рӯзҳои фарҳангии мардумони ин манотиқро баргузор кунад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури  Тоҷикистон дар вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ баргузор шавад, хабар медиҳад агетии "Ховар" аз қавли ТАСС.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон

Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод намудаст, ки ҳамасола дар кишваре, ки дар он Шӯрои машваратии навбатӣ баргузор мегардад, Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ  ва варзиш изҳори ҳавасмандӣ намуда чунин мешуморанд, ки тавсеаи робитаҳо миёни марказҳои илмию таълимӣ ва доираҳои эҷодии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст.

Раҳмон ба Тошканд расид: раисҷумҳурро сарвазири Узбакистон пешвоз гирифт

Гузашта аз ин Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳод намуданд, ки барномаи минтақавии мубодилаи байнидонишгоҳӣ ва илмӣ, гузаронидани конфронсҳои муштараки илмию амалӣ, семинарҳо, тадқиқотҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои мубрами минтақа таҳия карда шавад.

Қаблан, нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод намуда буд, ки 15 март ҷашни нав — Рӯзи Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, пешниҳод, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ