Нахустин сафари Рустам ба ҳайси шаҳрдор: ӯ озими Тошканд шуд

© Хокимият города ТашкентаРустам Эмомали в Ташкенте
Рустам Эмомали в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ озими Тошканд шуд. Ин нахустин сафари Рустам ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе мебошад

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ озими шаҳри Тошканд шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Главное управление архитектуры и градостроительства города Душанбе, разработало проект современного многоярусного автопаркинга - Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори Рустам: дар Душанбе таваққуфгоҳҳои 6 қабата сохта мешаванд

Бар хабари манбаъ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт.

Бояд зикр кард, ки ин нахустин сафари Рустами Эмомалӣ ҳамчун шаҳрдори Душанбе,  берун аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Супориши Рустами Эмомалӣ: муовинон ва раисони ноҳияҳои пойтахт навбатдор меистанд

Гуфта мешавад, шаҳрдорони Душанбе ва Тошканд масъалаҳои татбиқи созишномаи роҳбарони ду пойтахт, ки моҳи марти соли гузашта ҳангоми сафари  Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, баррасӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Душанбе ва Тошканд, инчунин тасдиқи барномаи ҳамкорӣ байни ду шаҳр барои соли 2020- ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Иқдоми ҳукумат барои поин овардани арзиши гӯшту шир дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ, ки ҳамагӣ 31 - сол дорад сар аз 4 - уми апрели соли 2017 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе интихоб гардид.

Лентаи хабарҳо
0