Раиси шаҳри Тошканд аз дини ягона гуфт ва бо Эмомалӣ созишномаро имзо кард

Обуна шудан
Ҳокими Тошканд равобити чандинасраи дӯстона ва ҳамсоягии мардуми тоҷику ӯзбек, фарҳанг, урфу одат, анъанаҳои муштарак ва дини ягонаро, таъкид намуда, барои  рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Душанбе ва Тошканд изҳори ҳавасмандӣ намуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд ддиору мулоқоти шаҳрдори душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳамтои узбакистонияш Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев  баргузор шуд, хабар медиҳад, Ҳокимияти шаҳри Тошканд.

Нахустин сафари Рустам ба ҳайси шаҳрдор: ӯ озими Тошканд шуд

Тибқи иттилои манбаъ, ҳокими Тошканд равобити чандинасраи дӯстона ва ҳамсоягии мардуми тоҷику ӯзбек, фарҳанг, урфу одат, анъанаҳои муштарак ва дини ягонаро, ки аҳолии ду мамлакатро  ба ҳам мепайвандад, таъкид намуда, барои  рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Душанбе ва Тошканд изҳори ҳавасмандӣ намудааст.

Гашту гузор - и Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд   - Sputnik Тоҷикистон
"Гашту гузор" - и Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд

Рустами Эмомалӣ барои пазироии самимӣ  ва  фазои  дӯстона   изҳори сипос намуда, зикр кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон  ба тағйирот ва навсозиҳо дар Тошканд таваҷҷуҳи зиёд дорад ва тасмим гирифтааст бо фаъолияти соҳаи сохтмони ин шаҳр шинос шавад.

Раиси шаҳри Душанбе  ёдовар шудааст, ки соли оянда ташкили Рӯзҳои Тошканд дар Душанбе ва дар доираи онҳо баргузор кардани  форуми ҷавонон дар назар аст.

"Гашту гузор" - и Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд

Манбаъ афзуда, ки зимни мулоқот Созишнома оид ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд барои солҳои 2020-2021 ба имзо расидааст.

Лентаи хабарҳо
0