Зеленский гуфт чаро бо Путин гуфтушунид кардан душвор аст

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина во Францию
Рабочий визит президента РФ В. Путина во Францию  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский музокирот бо ҳамтои русаш Владимир Путинро душвор арзёбӣ кард ва иқрор шуд, ки бо ӯ муколама кардан осон набуд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Владимир Зеленский вохӯрӣ ва мулоқоти худ бо кишвардори Русия Вламир Путинро душвор арзёбӣ кард.

Путин подсказал Зеленскому, куда повернуться для совместного фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин ба Зеленский дар як аксбардории муштарак кумак кард - навор

Ба изҳори вай муколама аз вақти муқарраршуда давомноктар тӯл кашида "ба ҷойи 20 дақиқаи таъиншуда гуфтушунид 1 соат давом ёфт".

Зеленский иқрор шудаст, ки бо Владимир Путин ба мувофиқа расидан кори душвор буд, аммо ба ҳар ҳол тавонистанд, тавофуқи умумиро пайдо кунанд.

Ҳамзамон раисҷумҳури Украина таъкид намудаст, ки Путин бисёр дақиқкор аст ва аз ин рӯ бо ӯ гуфтушунид кардан мушкил мебошад.

"Вай ҳар як саволро муфассал ва дақиқкорона таҳлил мекунад. Ин бисёр мушкил аст. Чун ман тамоман одами дигар, зудкор ҳастам, фикр кардам, ки зуд  ба мувофиқа мерасем. Аммо Путин дигар аст. Дар умум ба мувофиқа мерасем ё на вақт нишон медиҳад, вале ман имрӯз чандин гузаштҳоро эҳсос кардам", - изҳор намудаст Зеленский дар ҳошияи нишасти "Чаҳоргонаи нормандӣ".

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар Қасри Елисей дар Фаронса мулоқоти Путин бо Зеленский баргузор шуд. 

Дар нишасти "чаҳоргонаи нормандӣ" кишвардорони се давлат ва ҳамчунин канслери Олмон масоили аз қабили вазъ дар Донбасс, интиқоли гази Русия тавассути Украина, табодули маҳбусон байни Русия ва Украинаро баррасӣ карданд.

Нишасти "чаҳоргонаи нормандӣ" дар Порис - пахши мустақим

Аввалин гуфтугӯи телефонии Путин ва Зеленский бо ибтикори Киев 11 июл баргузор шуд. Дар ҷараёни сӯҳбат Путин ва Зеленский муноқишаро дар Донбасс ва додугирифти ашхоси боздоштшударо баррасӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0