Бо супориши Файзов мансабдорони ВМКБ-ро кодекси одоб меомӯзонанд

© Россия для всехДиректор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар омӯзиш қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси одоби хизматчии давлатӣ, омӯхтани забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бо супориши раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии раиси ВМКБ, дар омӯзиш қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси одоби хизматчии давлатӣ, омӯхтани забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад.

"Раиси вилоят дар машварат бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон қайд карданд, ки кадрҳои ҷавони мақомот бояд ба талаботҳои давлати ва байналмиллалӣ ҷавобгӯ бошанд", - омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки мансабдорони Ҳукумати ВМКБ "имтиҳон" супориданд. 

Ҳамин тавр, 20 нафар кормандони мақомоти вилоят, ки дар мансабҳои хизмати давлатӣ адои вазифа мекунанд, барои дохил шудан ба бахши магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон супориданд.

Духтарони ВМКБ - ро барои фаъолият дар "мақомҳои баланд" омода мекунанд

Аз 20 хизматчии давлатӣ, танҳо 8 нафар ба бахши магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд.

Лентаи хабарҳо
0