06:00 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
452 0 0

Дар остонаи интихобот дар Тоҷикистон барои нахустин бор ба таври расмӣ Роҳнамо барои кормандони милитсия қабул гардид

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Имрӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии комиссия баргузор гардидааст.

Тавре АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳашт масъалаи муҳими марбут ба давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Аз ҷумла, муқаррар намудани тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили гурӯҳи кории Комиссия оид ба баррасии арзу шикоятҳо, тасиқ намудани "Роҳнамо" барои кормандони милитсия  ва дигар масъалаҳо  мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ҷаласаи Комиссия зикр гардид, ки Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади инъикоси пурра ва ҳамаҷонибаи раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Тибқи Тартиби мазкур, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқ доранд то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ бо шрифти 14 ба таври ройгон маводи ташвиқотӣ чоп намоянд.

Дар Тартиби мазкур инчунин дигар ҳолатҳои истифода бурдани воситаҳои ахбори омма пешбинӣ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли саривақтии арзу шикоятҳо, ки дар давраи омодагӣ ва баргузории интихобот метавонанд аз ҷониби иштирокчиёни раванди интихобот ба КМИР ворид гарданд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Инчунин ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи дарпешистода мутахассисон, олимони соҳаи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳо ба сифати коршинос ҷалб карда шуданд.

"Дар ҷаласа бори аввал ба таври расмӣ Роҳнамои таҳиякардаи Комиссия барои кормандони милитсия қабул гардид", - омадааст дар хабарнома.

Бояд тазаккур дод, ки роҳнамои мазкур барои мусоидати кормандони милитсия ба комиссияҳои дахлдори интихоботӣ дар раванди интихобот ва дахолат накардан ба ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон равона шудааст.

Дар идомаи ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ инчунин масъалаҳои дигари ташкили кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст.

Мавзуҳо:
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)

Мавзӯъҳои асосӣ