10:28 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
204400

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни ҳамоиши “Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими худшиносии миллии тоҷикон” бахшида ба 120-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон аз ташкили давлати тоҷикон суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Раҳмонзода зимни суҳбат дар бораи қаҳрамониҳои Шоҳтемур гуфт, “зуҳури пантуркизму панисломизм ва паниронизм дар муҳити Бухорои онвақта ба авҷи аълои худ расида буд ва гурӯҳҳои зиёди ин ҷараёнҳо ҳамақидаҳояшонро дар атрофи худ ҷамъ менамуданду ба муқобили миллати тоҷик мубориза мебурданд”.

Ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳатто баъзе аз ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд

“Дар чунин айёми мураккаби сиёсӣ абармардони миллати тоҷик, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддини Айни гирди ҳам омада, дар бораи мавҷудияти миллати тоҷик, таъриху фарҳанги бою пурғановати он садо баланд менамуданд”, - изҳор дошт Раҳмонзода.

Ӯ афзуд, баъди инкилоби Октябр ҳам барои таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон монеа эҷод карданд, аммо мавҷудияти Точикистонро бо намояндагӣ аз миллати тоҷик маҳз Шириншоҳ Шоҳтемур бо далелу бурҳони қотеъ ва санаду арқоми мушаххас муаррифӣ кард.

“Исбот намуд, ки халқи тоҷик аз қадим соҳиби давлату забон, расму суннати хос ва таҷрибаи бои давлатдорӣ буд. Ба он қонеъ нашуда, ба унвони роҳбари онвақтаи шӯравӣ И. Сталин нома навишт ва зарурати ташкили Ҷумҳурии мустақил дар ҳайати ин Иттиҳодро тақозо кард. Танҳо аз пас аз ин Тоҷикистон чун ҷумҳурии алоҳида ба ин иттиҳод шомил шуд”, - зикр кард ёвари раисиҷумҳур.

Дар ҳамоиши илмӣ бахшида ба 120-солагии Шириншоҳ Шоҳтемур инчунин Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Амонулло Салимзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур сухан ронда, сипас ба пояи пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон гулчанбар гузоштаанду, аз осорхонаи ин ходими намоёни давлатӣ дар зодгоҳаш-Ҷамоати деҳоти Поршинев боздид намуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ