09:00 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1308 0 0

Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар як муроҷиатнома ба ҳамсолони худ аз дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон хостаанд фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд ва сиёсати раҳбарияти давлатро дастгирӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Муроқиатнома ҷавонони шаҳри Хуҷанд зери унвони "Ҷавонони Хуҷандшаҳр амалҳои экстремистиву террористиро маҳкум намуданд", дар торномаи мақомоти вилояти Суғд нашр шудааст, ки онро ин ҷо бетағйир нашр мекунем.

"Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, қайд намуданд, ки “Дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта, фирефтаи таблиғоти нерўҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳост, ки тамоми наслҳои миллати сарбаланди тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд, вале ин рўйдоди одилонаи таърихӣ танҳо ба насли имрўзаи тоҷикон мушарраф гардида, боиси шарафу ифтихори мост. Насли ҷавони кишвари офтобии мо,насли хушбахти замон буда, имрўз дар заминаи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатамон барояшон тамоми имкониятҳо ва шароитҳои мусоиди худташаккулёбӣ фароҳам оварда шудааст.

Бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чандин иншоотҳои бузурги варзишӣ, фароғатӣ, муассиаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд, ки ҷавонони шаҳри Хуҷанд дорои имкони хуби таҳсил ва фароғат гаштанд, ки ҳамаи ин бевосита меваҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад. Вале, як чизро набояд фаромўш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз имтиҳони сахти таърихӣ гузашта, бо худшиносиву матонат худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит намуд, ки соҳиби таърихи пурифтихор ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад.

Кобулов дар бораи ҳуҷум ба дидбонгоҳи "Ишқобод": Русия бохабар буд

Мо – ҷавонони шаҳри Хуҷанд марзу буми Ватани азизамонро муқаддас шуморида, таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллати тоҷик, пуштибон ва ҳимоятгари ҷавонон, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, хизматҳои шоиста менамоем.

Мо ҷавонони Хуҷандшаҳр тамоми ҷавонони кишварро даъват менамоем, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, нисбати ояндаи давлату миллат бетараф набошем. Дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва Истиқлолияти давлатӣ фаъолона иштирок намоем.

Ҷавобан ба ғамхоривудастгириҳои давлату Ҳукумат бо илму дониши қавӣ, қобилияти ташаббусҳои наҷиб ва бо дарки баланди масъулияти инсонӣ, дар рушду инкишоф ва ободониву шукуфоии сарзамини биҳиштосо саҳми арзандаи хешро гузорем.

Ҳамаи мо ҷавонон зидди амалҳои экстремистиву террористӣ буда, онро комилан маҳкум менамоем ва ҳеҷ вақт фирефтаи доми гурўҳҳои ифротӣ нахоҳем гашт. Мо баҳри ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ҳамеша омода ҳастем.

Нест бод экстремизму терроризм!"

Муроҷиатнома дар мулоқоти раиси шаҳр бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд рғзи 18 декабри соли 2019 муҳокима ва қабул гардидааст.

Барчаспҳо:
ҷавонон, муроҷиатнома, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ