10:13 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
3687 0 0

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо имзои як қарор рӯз ва соати бақайдгирии аъзои парлумонро барои шунидани паёми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, муайян кард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бар асоси қарори Убайдуллоев, ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон  26 декабри соли соли равон, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Шӯрои Маҷлиси миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи мазкур Эмомалӣ Раҳмон бо паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад мекунад.

“Аъзои Маҷлиси миллӣ рӯзҳои 25 декабри соли 2019 аз соати 8.00 то соати 17.00 ва 26 декабри соли 2019 аз соати 7.00 то 8.00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошёнаи якум, утоқи якум ба қайд гирифта мешаванд”, - омадааст дар иттилоияи палатаи болоии парлумон.

Дар ҷаласаи мазкур охирин паёми раисиҷумҳур ба парлумон дар ҳайати феълӣ ироа хоҳад шуд. Ҳайати ҷадиди парлумони Тоҷикистон 1 марти соли 2020 интихоб хоҳад шуд. Ҳадс зада мешавад, ки роҳбарони ахиран барканоршудаи ҲХДТ дар парлумони ҷадид мақомҳои роҳбариро ба уҳда хоҳанд дошт.

Дар анҷумани ахири Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода, аз мақоми муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон,  раиси ҲХДТ барканор шуда, дар сархати номзадҳо аз ҳизби ҳоким ба интихоботи парлумонии соли 2020 пешниҳод шудааст. Ҷои Фаттоҳзодаро дар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ гирифт, ки то ҳол муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон буд.

Муовини дигари раиси Маҷлиси намояндагон, Хайриниссо Юсуфӣ низ аз парлумон ба ҳизби ҳоким рафта, дар мақоми муовини раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониёнро иваз кард.

Фаттоҳзода аз номзадҳои асосӣ барои роҳбарӣ дар палатаи поёнии парлумон дар даъвати нав арзёбӣ мешавад.

Барчаспҳо:
парлумон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Эмомалӣ Раҳмон, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ