Захарова монеаи рушди муносиботи Русия ва ИМА-ро ном бурд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкОфициальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Истифодаи “корти Русия” аз ҷониби бархе сиёсатмадорони ИМА дар маъракаҳои интихоботӣ монеаи бисёре аз имконоти рушди муносиботи Маскаву Вашингтон мебошад, изҳор дошт намояндаи расмии ВУХ Русия, Мария Захарова

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, 10 декабр дар доираи сафараш ба ИМА бо котиби давлатӣ, Майк Помпео ва раисиҷумҳур, Доналд Трамп масоили Сурия, Украина, Лубнон, Афғонистон ва Венесуеларо баррасӣ кард. Ҷонибҳо ҳамчунин аз масоили амнияти  стратегӣ, тақдири шартномаи СНВ-3 – созиш барои коҳиши силоҳи ҳуҷумовар ва вазъи Кореяи шимолӣ гуфтаанд.

В цехе ЭТЕРНО ПАО Челябинский трубопрокатный завод - Sputnik Тоҷикистон
Forbes дурнамояи таҳримҳо бар "Маҷрои шимолӣ -2" -ро арзёбӣ кард

“Салоҳиятам нест, ки эҳсосотамро шарҳ бидиҳам. Аммо агар дар маҷмуъ аз бархӯрди ҷониби ИМА гӯем, онҳо хеле рӯшан дарк мекунанд, чӣ судеро аз муносиботи иқтисодӣ, сиёсӣ ва бахшҳои дигар метавонанд, дошта бошанд.  Ҳамзамон мефаҳманд, ки феълан бештар гап сари имконоти аз дастрафта мебошад”, - изҳор дошт Захарова зимни посух ба суоли РИА Новости дар бораи таассуроташ аз он, ки Доналд Трамп ва атрофиёнаш воқеан майли беҳбуди муносибот бо Русияро доранд.

НАТО ба муноқишаи калон омода мешавад. Оё ҷанг мешавад?

Намояндаи расмии ВУХ Русия афзуд, бояд дар назар дошт, ки раисиҷумҳури ИМА тоҷир аст ва ҳамаро ба рақамҳо ва нишондодҳои иқтисодӣ таҷассум месозад. Ба гуфтаи Захарова, аз ин дидгоҳ ҷониби ИМА талафоташро аз рушд накардани муносибот бо Русия дарк мекунад.

"Амрикоиҳо, ҳамчун одамони амалгаро хеле хуб мефаҳманд, ки чиро метавонанд аз рушди муносибот ба даст оранд", - таъкид намуд Захарова.

Ӯ илова кард, ки дар баробари ин “воқеияти дигар” – фазои сиёсии ИМА мавҷуд аст, ки дар он равандҳои интихоботӣ мегузаранд.

Денежные купюры США и американская виза - Sputnik Тоҷикистон
“Аллакай манъ кардан номумкин аст”. Коршинос дар бораи рафти “ҷанги раводидӣ”-и ИМА

“Як қатор ходимони сиёсӣ “корти Русия”-ро ҳамчун қисми барномаи сиёсияшон кор мебаранд. Ин бархӯрд чанд соли қабл рӯи кор омад ва то ҳол хеле фаъолона дар маъракаҳои интихоботии як қатор номзадҳо истифода мешавад. Ин садди бисёре аз имконоти рушди муносиботи дуҷониба шудаст. Вазъи имрӯза чунин аст”, - тавзеҳ дод Захарова.

Лавров бо Трамп пушти дарҳои баста аз чӣ гуфтанд

Қаблан Сергей Лавров дар барномаи “Бозии бузург” дар шабакаи аввали телевизиони Русия таъкид намуд, ки мулоқоти вазири умури хориҷӣ бо раисиҷумҳур ҳангоми сафар “лаҳзаи муҳим” дар муносиботи Русия ва ИМА мебошад. Ин анъана дар мавриди на ҳамаи кишварҳо амал мекунад, аммо Маскав ва Вашингтон аз он пайравӣ доранд.

Лентаи хабарҳо
0