Тағйироти кадрии бузург дар ВМКБ: Ёдгор Файзов масъулини баландпояро ба нафақа гусел кард

© Facebook / Голиб НиятбековЁдгор Файзов, председатель ГБАО
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов баъзе аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба нафақа гусел намуд

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Ёдгор Файзов баъзе аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба нафақа гусел намуд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, раиси вилоят аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои хизматҳои шоистаи онҳо изҳори сипос намуда, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намудааст. Ҳамин тавр чаҳор масъули баландпоя ба нафақа гусел карда шуданд:

  • Маҳтобшозода Арамбегим Бозор - мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ
  • Азорабеков Сардорбек - сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ
  • Раҳматшоева Покиза Назаршоевна - сармутахассиси шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдо Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон
  • Рамазонов Рамазон Гулаёзович - намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар шаҳри Душанбе.

Инчунин кадрҳои зерин ба вазифаҳои нав таъин гардиданд;

  • Кучакшоев Акрамхон ба вазифаи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар шаҳри Душанбе.
  • Асламшоева Нилуфар ба вазифаи мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ
  • Имомназар Хоҷаназар Лутфулло ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ таъин гардиданд.

Раиси вилоят аз кадрҳои нав таъиншуда даъват ба амал овард, ки содиқона ба Ватану миллати худ хизмат намоянд.

Лентаи хабарҳо
0