06:01 19 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар барқияи таслият ба наздикони қурбониёни ҳодиса низ изҳори ҳамдардӣ намуд

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи суқути ҳавопаймо дар наздикии Теҳрон ба президенти Украина Владимир Зеленский изҳори ҳамдардӣ кард, хабар доданд аз Кремл.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Владимир Путин дар пайи суқути ҳавопаймои украинӣ дар наздикии Теҳрон ба президенти Украина Владимир Зеленский барқияи таслият ирсол карда, аз ҳодисаи нохуш андӯҳи худро баён намуд", - тавзеҳ медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ҳамчунин Путин ба наздикони қурбониён низ изҳори ҳамдардӣ баён кардааст.

Ёдрас мешавем, субҳи 8 январ дар наздикии Теҳрон дар пайи суқути ҳавопаймои Boeing-737 Киев-Теҳрон бештар аз 180 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо ба ширкати украинӣ тааллуқ дошт ва бештари мусофирон шаҳрвандони Эрон буданд.

Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба сарони Украина ва Эрон барқияи таслият ирсол карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ