08:15 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1230 0 0

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии Солеҳа Холмаҳмадзодаро аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Турсунзода №5 ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Солеҳа Холмаҳмадзода, ки аз соли 2015 дар мақоми муовини раиси шаҳри Турсунзода фаъолият мекунад, аз ҷониби ҲХДТ дар интихоботи парлумонии 1 марти 2020 ба ҳайси номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудааст.

Номзадии Гавҳар Шарофзода ба вакилии парлумон пешбарӣ гардидаст

Бар асоси ҳолномаи Холмаҳмадзода, ӯ хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос мебошад. Ба иттилои сомонаи мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода, Солеҳа Холмаҳмадзода забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Ӯ соли гузашта бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ шуд.

Солеҳа Холмаҳмадзода, ноиби раиси шаҳри Турсунзода
акс аз сомонаи мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода
Солеҳа Холмаҳмадзода, ноиби раиси шаҳри Турсунзода

Холмаҳмадзода дар гузашта ба ҳайси вакили дифоъ ва мудири шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст.

Пешниҳоди номзадии Холмаҳмадзода аз сӯи ҲХДТ дар ҳолест, ки раиси ин ҳизб, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахираш ба парлумон изҳори боварӣ намуд, ки дар интихоботи оянда теъдоди намояндаҳои мардумӣ аз ҳисоби занон бештар хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
номзади ҲХДТ, сиёсат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ