13:07 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
795921

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон номзадии хонуми соҳибкор Сурайё Ӯроқоваро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи 1 марти 2020 пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Сурайё Ӯроқова, мудири ҶДММ “Гурӯҳи Самимӣ Констракшн” аз ҳавзаи якмандатии Ҳисор №7 ба вакилӣ пешбарӣ шуд, хабар додааст ҲХДТ.

Собиқ раиси ВМКБ номзад ба вакилӣ дар парлумон шуд-акс

Ӯроқова бонуи соҳибкор мебошад, ки чанд соли қабл бо харҷи 27 миллион сомонӣ дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, бинои истиқоматии 12 - ошёнаро бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир мавриди истифода қарор дод.

Бинои бунёдкардаи соҳибкор Сурайё Ӯроқова дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Бинои бунёдкардаи соҳибкор Сурайё Ӯроқова дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе

Дар расми ифтитоҳи иншооти бунёдкардаи Ӯроқова, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори вақт, Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок карданд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, дар марҳилаи сохтмон 80 ҷой ва баъди ифтитоҳи иншоот 150 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

Пешниҳоди номзадии Холмаҳмадзода ба вакилӣ дар парлумон

Котибот афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми Сурайё Уроқова барои бунёди бинои истиқоматӣ ва аз ҳама асос таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки боиси некуаҳволии як зумра шаҳрвандон мегардад, баҳои баланд дод.

Мавзуҳо:
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
Барчаспҳо:
парлумон, интихобот, соҳибкор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ