Ду фарзияи комилан мутафовит: вазири қирғиз ба Муҳриддин занг зад ва сафирро наздаш хонд

© пресс-служба ГПС КРСмотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита ба ноамнии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, вазири умури хориҷии он кишвар ба ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин занг зада, сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк.  Вазири умури хориҷии Қирғизистон  Чингиз Айдарбеков дар робита ба тирпарронии шаби гузашта ба ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи вазорати хориҷии Қирғизистон.

Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти КДАМ дар бораи тирпарронии шабона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Фарзияи ҷониби Қирғизистон

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 10 январ, тақрибан соати  00:40 дақиқа дар қисми дидбонгоҳи сарҳадии Орто – Боз, дар минтақаи Ҷака – Оруқ шаҳрвандони Тоҷикистон мошини қирғизҳоро сангборон намуданд ва сипас ба самти Тоҷикистон пинҳон шуданд. Зикр мегардад, ки мошин аз деҳаи Самарқандек самти Бодканд ҳаракат мекард.

Сооронбой Жээнбеков: мушкилот дар марз бо Тоҷикистон бо душворӣ ҳалл мешавад

Зимнан,  ВУХ Қирғизистон хабар медиҳад, ки  соати 01:00 дақиқа дар қисми постгоҳи маҳаллаи Коктош як мошини дигар аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сангборон шуд. Нафарони номаълум ҳам самти Тоҷикистон фирор ва паноҳ бурданд.

Гузашта аз ин, манбаъ меафзояд, ки соати 02:40 дақиқа дар минтақаи Даҳма аз нуқтаи аҳолинишини Тоҷикистон самти қирғизҳо тирпарронӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа қирғизҳо занону кӯдаконро аз ин минтақа ба ҷойи дигар кӯч доданд.

Гуфта мешавад, дар робита ба ноамнӣ дар марзи ин ду кишвар, Вазири умури хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков ба Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин занг зада, пиромуни ҳодисаи ахир сӯҳбат намуданд.

"Айдарбеков аз вазъияти ба миён омада шадидан изҳори нигаронӣ намуда, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро низ барои сӯҳбат наздаш хондааст", - омадааст дар хабар.

Дар робита ба ҳодисаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, КДАМ – и Тоҷикистон низ изҳорот пахш намуд, ки билкулл аз маълумотҳои намояндагиҳои Қирғизистон фарқ дорад.

Фарзияи КДАМ Тоҷикистон 

Дар изҳороти Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон гуфта мешавад, ки шоми 9-уми январи соли 2020 гурӯҳи калони сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди ҶҚ, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд,  дар назди хонаи сокини маҳаллӣ Абдулаев Султанбек Исмаилович ва бинои Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии Коктош ҷамъ омада, барои аз роҳи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа эҷод кардаанд.

"Тахминан соати 21.30 дақиқа онҳо автомошинаи сабукрави тамғаи "Мерседес бенс"-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд", - омадааст дар изҳорот.

КДАМ афзуда, ки дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00:10 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг задаанд.

Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фармони Президент барои додани медал ба афсари кушташуда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон
"Намояндагони ШВКД-2 шаҳри Исфара ва ШВКД ноҳияи Бодканд сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шуда, вазъиятро зери назорат гирифтанд", - гуфта мешавад дар хабарнома.

Манбаъ дар идома мегӯяд, тақрибан соати 02:00 дақиқаи 10-уми январи соли 2020, сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсой бо истифода аз силоҳи оташфишони ҷангӣ ва шикорӣ ба ҳаво тир холӣ карданд.

Бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ҳарду ҷониб, тахминан соати 02:30 иғвогарии мазкур қатъ карда шуд.

"Бо вуҷуди ин, тахминан соати 04, аз самти Қирғизистон бо истифода аз камони шикорӣ ба ҷониби автомошинаи шахсии корманди ШВКД-2 шаҳри Исфара Икромзода Фарҳод тир холӣ карда шуд. Хушбахтона, тир ба дари автомошина бархӯрда, ба худи ронанда зарари ҷисмонӣ нарасидааст", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

Бино ба гузориши КДАМ, айни замон тирпарронӣ қатъ гардида, вазъият таҳти назорат қарор дорад. Гурӯҳи тафтишотии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон фаъолият бурда истодаанд.

Местные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласа дар Чоркӯҳ: эҳтимоли аксуламали ҷиддии мардум ба марзбонони қирғиз-видео
Ҷониби Тоҷикистон аз муноқишаҳои пай дар ҳам изҳори нигаронӣ кардааст.

"Вақтҳои охир аз тарафи  шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон истифодаи камони  шикорӣ тамоюл ба афзоиш оварда, ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Аз ҷумла, 29-уми декабри соли 2019 сокини деҳаи Сомониён Сафарова Т. ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифт".

Дар ин росто, тарафи Тоҷикистон изҳор менамояд, ки дар сурати такрор шудани ҳолатҳои мазкур тамоми масъулият ба дӯши мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0