Пешниҳоди номзадии омӯзгор ба вакилӣ дар парлумон

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкВыборы, архивное фото
Выборы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон Саидбурҳон Шарипов, мудири Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтарро ба мақоми вакилӣ дар парлумон пешбарӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik.  Шарифов дар интихоботи парлумонии 1 марти 2020, ҳамчун номзади ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Бохтар №26 иштирок хоҳад кард, хабар додаст “Ховар”.

Гиёзода председатель Шугнанаского района и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ноҳияи Шуғнон номзад ба вакилӣ дар парлумон шуд - акс

Ба иттилои манбаъ, Шарифов Саидбурҳон Ғазоевич 2 октябри соли 1977 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 2000 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм кардааст.

Мудири мактаб ба парлумон пешбарӣ шуд

“Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи омӯзгор оғоз намуда, то имрӯз дар вазифаҳои мухталифи пурмасъул ифои вазифа намуда, ҳоло ба ҳайси директори Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар фаъолият дорад”, - омадааст дар иттилоия.

Бонуи миллионери Тоҷикистон ба парлумон пешбарӣ шуд-акс

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 1 марти соли равон дар назар аст. Ахиран ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12 номзадии муовини сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро пешбарӣ  пешбарӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0