06:33 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
336 0 0

Мудири маркази исломшиносии Тоҷикистон Баротзода Файзулло, номзади Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон шуд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Дар ноҳияи Шаҳринав конфронси муштараки кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор баргузор гардидааст.

Ба рӯзномаи конфронс як масъала - пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатӣ № 6, аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ворид гардида буд.

Аз раиси шаҳр то соҳибкору мудири осоишгоҳ: ҳизбиёни Исфара номзадҳоро пешбарӣ карданд

Бино ба гузориши Маркази исломшиносии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони конфронс мудири Маркази исломшиносӣ Баротзода Файзуллоро  ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудаанд.

"Комиссияи баҳисобгирии овозҳои конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор натиҷаи  овоздиҳии пинҳонии вакилони конференсияи оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии  Баротзода Файзулло дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шаҳринав №6 баъд аз ҳисоби овозҳо муқарар намуд", - омадааст дар хабарнома.

Баротзода Файзулло кист?

Баротзода Файзулло 10 феврали соли 1962 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  бо ихтисоси муаллими забони арабӣ ва забону адабиёти тоҷик хатм кардааст.

Солҳои 1985 – 1989 ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Сурия фаъолият намудааст.

Фаъолияти минбаъдаи ӯ асосан дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ходими хурди илмии Институти шарқшиносӣ идома ёфта, то ҷонишини мудири Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва  ёвари Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Аз 13 феврали соли 2015  дар мансаби  мудири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Мавзуҳо:
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
Барчаспҳо:
вакил, Парлумон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ