09:40 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
583 0 0

Владимир Путин бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва намояндагони ташкилотҳои ватандӯстона дидору мулоқот карда, изҳороти тунде намуд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ваъда дод, ки даҳони онҳоеро, ки кӯшиш мекунанд, таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳониро таҳриф кунанд, мебандад.

Дар ин бора, Владимир Путин дар мулоқот бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва намояндагони ташкилотҳои ватандӯстона дар шаҳри Санкт-Петербург изҳор дошт.

Наваду чор соли пурбаракат: вопасин иштирокдори ҶБВ аз Хуҷанд даргузашт

"Мо маркази ҳуҷҷатҳои бойгониро ташкил хоҳем кард. Ва мо даҳони онҳоеро, ки мехоҳанд таърихро бознависӣ кунанд ва онро дар қолаби бардурӯғ пешкаш намоянду нақши падарон бобоҳои моро, ки кулли ҷаҳонро аз душманон наҷот доданд, паст кунанд, мебандем. Даҳони бади онҳоеро, ки ба хотири шӯҳрат ва ҳадафи вақтинаи сиёсии худ чунин мекунанд мо бо маълумоти дақиқ мебандем", - изҳор дошт Владимир Путин.

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Ба гуфти президенти Федератсияи Русия бойгонӣ барои кулли ҷаҳон дастарс хоҳад буд.

Барчаспҳо:
бастан, таърих, Владимир Путин

Мавзӯъҳои асосӣ