Қодиров намехоҳад ба мақоми нав гузарад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров эҳтимоли ба кори дигар гузаштанашро шарҳ дода онро хабари бардурӯғ гуфт

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров хабари ба кори дигар гузаштанашро рад кард.

Ба гуфти ӯ, пешниҳоди мақоми нав воқеъият надорад.

"Мариз аст": вакили чечен омили муваққатан аз вазифа даст кашидани Қодировро шарҳ дод

Ӯ қайд кард, ки фаъолияти меҳнатиашро танҳо дар Чеченистон анҷом медиҳад ва хоҳиши дар дигар макон кор карданро надорад.

"Ман ҳеҷ гоҳ хоҳиши кор берун аз ҷумҳуриро надоштам ва ба ман чунин пешниҳод - гузаштан ба мақоми дигар, нашудааст. Ман мехоҳам фаъолиятамро дар ҷумҳурии худ анҷом диҳам, ман ҳеҷ куҷо рафтанӣ нестам", - изҳор дошт Рамазон Қодиров дар нишасти васеъи ҳукумат дар Грозний.

Раҳбари Чеченистон қайд кард, ки агар сиёсатмадоре як-ду рӯз дар эфир набошад, дарҳол дар бораи мақоми нави ӯ ҳарф мезананд.

Президент РФ Владимир Путин и председатель правительства РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон
Ҷонишин: Путин ба Медведев мансаби нав пешниҳод кард-видео

Қодиров даъват кард, ки хабари бардурӯғро паҳн накунанд, балки ба нафъи ватан кор кунанд.

Ёдрас мешавем, ки пештар расонаҳо хабар доданд, ки Қодиров иҷрои вазифаи роҳбари Чеченистонро муваққатан бар дӯши Хучиев Муслим, роҳбари ҳукумати Ҷумҳурии Чеченистон гузоштааст.

Ногуфта намонад, ки ахиран дар Русия тағйироти кадрии бузург сурат гирифт. Ҳукумати Русия дар ҳайати пурра ба истеъфо рафт. Дмитрий Медведев пас аз чанд соати паёми солонаи раисҷумҳури Русия ба Маҷлиси федеролӣ истеъфо  дод.

Истеъфои ҳукумати Русия пас аз паёми солонаи Путин

Худи ҳамон рӯз Президенти Русия Владимир Путин, пас аз истеъфои Дмитрий Медведев, номзад ба курсии нахуствазири Русияро пешбарӣ кард.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Михил Мишустинро ба номзадии нахуствазири Русия пешбарӣ кард.

Мишустин то имрӯз симати роҳбари Хадамоти андози Русияро дошт.

Лентаи хабарҳо
0