13:21 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
592730

Расонаҳо номаи дастнависи Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи кушташудаи нерӯҳои “Қудс”-и Эронро ба як хонаводаи суриягӣ нашр кардаанд, ки хонаашон бидуни иҷозат барои мубориза бо “ДОИШ” истифода шудааст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Қосим Сулаймонӣ номаро барои хонаводае дар ҷанубу шарқи Сурия навишта, ки нерӯҳои Муқовимат аз хонаи онҳо дар амалиёти озодсозии минтақаи Албукамол ба унвони қароргоҳи фармондеҳӣ истифода карда буд, хабар додаст Парстудей бо такя ба бахши тоҷикии радиои Садои Хуросон.

Ба иттилои манбаъ, сардор Сулаймонӣ дар ин нома аз соҳиби хона талаби ҳалолият карда ва бо додани шумораи хонааш дар Теҳрон, аз соҳибхона хостааст дар сурати тамоюл барои ҷуброни хасорат тамос бигирад.

“Ман бародари кучаки шумо Қосими Сулаймонӣ ҳастам, ки ба яқин маро мешиносед. Мо ба бародарони аҳли суннатамон дар саросари ҷаҳон хидмат мекунем. Ман шиа ҳастам ва шумо суннӣ ҳастед. Аммо ман ҳам ба навъе суннӣ ҳастам, зеро ба суннати расули Худо (с) эътиқод дорам ва иншоАллоҳ дар роҳи ӯ ҳаракат мекунам ва шумо ҳам ба навъе шиа ҳастед, зеро аҳли байт (а)-ро дӯст доред. Аз Қуръони карим ва Саҳиҳи Бухорӣ ва дигар китобҳои хонаи шумо мутаваҷҷеҳ шудам, ки шумо инсонҳои боимоне ҳастед”, - омадааст дар номаи Сулаймонӣ, ки нусхаи онро расонаҳо нашр кардаанд.

Ӯ дар идома аз хонавода барои истифодаи бидуни иҷозаи хона узр хоста, таъкид намудааст, ки дар сурати талаб кардани ин хонавода омодаи ҷуброни хисоротанд.

“Ман дар хонаи шумо намоз хондам ва ду ракъат намоз ҳам ба нияти шумо хондам ва барои шумо аз Худованди субҳон ва мутаол талаби оқибат ба хайрӣ кардам”, - навиштааст Сулаймонӣ.

Эрон пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар Ироқ ҳадаф қарор дод

Албукамол охирин шаҳри таҳти контроли ДОИШ буд, ки ба иттилои расонаҳо ду солу ду моҳ пеш ба фармондеҳии Қосими Сулаймонӣ аз тасарруфи ин гуруҳи террористӣ озод шуд.

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 3 январ дар пайи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ИМА дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд.

Эрон расман эътироф намуд, ки ҳавопаймои украиниро бо ду мушак сарнагун кардаст

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп Қосим Сулаймониро террористи бераҳм хонд, ки дар маргу ҷароҳати ҳазорҳо нафар даст дорад. Дар Эрон дар маросими видоъ бо Сулаймонӣ , ки қаҳрамони миллии ин кишвар дониста мешавад, садҳо ҳазор нафар иштирок карданд ва мақомоти Эрон барои гирифтани қасоси марги ӯ ваъда доданд.

Барчаспҳо:
мубориза бо теруризм, мубориза, ДОИШ, Сурия, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ