Ба рӯзноманигорон гуфтанд дар бораи "Интихобот 2020" чӣ гуна нависанд

© © Sputnik / Михаил КорытовРабота журналистов, архивное фото
Работа журналистов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бинобар ин аз рӯзноманигорон даъват шудааст, ки ҷиҳати баргузории интихобот фаъол бошанд ва маводи ҷолиб омода намоянд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар робита ба баргузории интихоботи парлумонӣ дар мавзӯи «Интихобот ва ВАО» машғулият   гузаронида шудааст.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Номзадии Рустам Эмомалӣ пешбарӣ шуд: раиси Душанбе дар интихобот иштирок мекунад

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Носирҷон Салимӣ оид ба фаъолият ва нақши Комиссия дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ сухан намуда, гуфт, ки  интихобот яке аз равандҳои бозгӯкунандаи давлати демократӣ ба ҳисоб меравад.

Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Аваз Назаров ҷанбаҳои қонунгузорӣ ва тартиби иштироки намояндагони ВАО-ро  дар интихобот ба ҳозирин шарҳ додааст.

Зикр шудааст, ки рӯзноманигорон имкон доранд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар интихобот ширкат варзида, оид ба ҷараёни он хабарҳо интишор намоянд.

"Феълан мардум аз интернет ва шабакаҳои  иҷтимоӣ зиёд истифода мекунанд, ки ин ҳам яке аз роҳҳои паҳн гардидани иттилоъ ба шумор меравад. Вале дар фазои интернетӣ дастрас кардани маълумоти боэътимод ва саҳеҳ мушкил аст", - гуфтааст мутахассиси бахши иттилоот Муҳаммадӣ Ибодуллоев.

Аз ин лиҳоз ҳангоми истифода аз сайтҳои интернетӣ ва таҳияи мавод ҳар як нафар бояд кӯшиш намояд, ки аз манбаъҳои боэътимод истифода кунад. Инчунин аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ дуруст истифода кардан ба манфиат аст.

Тавре директори Академияи ВАО Зинатуллоҳ Исмоилзода гуфтааст, дар ин машғулияти омӯзишӣ 32 нафар рӯзноманигор аз ВАО-и мамлакат иштирок карда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштандаанд, ки нақши ВАО дар инъикоси ҷараёни баргузории интихобот хеле муҳим аст.

Бинобар ин аз рӯзноманигорон хоҳиш шудааст, ки ҷиҳати баргузории ин чорабинӣ фаъол бошанд ва маводи ҷолиб омода намоянд.

Лентаи хабарҳо
0