04:38 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
291 0 0

Ба гуфтаи сарвазир баъди қабули санади стратегияи муқовимат бо фасод шиддати коррупсия коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Таҳти раёсати нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи  Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия баргузор шуд, гузориш медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан 4 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

 "Қоҳир Расулзода  таъкид намуд, ки   барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бо фасод "Стратегияи  муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020"  қабул шуд ва амалӣ гардидани стратегияи мазкур  дар мамлакат шароит фароҳам овард, ки  шиддати коррупсия ва ҷиноятҳои алоқаманд ба он  коҳиш ёбад",- менависад манбаъ.

 "Стратегияи  муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020" аз 89 банд иборат буда, мониторинги ҳолати иҷрои он соли 2019 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ  нишон дод, ки  72 банди он пурра  иҷро гардидааст, афзудааст Расулзода.

Дар Душанбе аз фасод пешгирӣ мекунанд

Дар ҷаласаи навбатии Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати   мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Рўдакӣ  оид ба ҳолати иҷрои  "Стратегияи  муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020"  шунида шуд.

Дар охир "Нақшаи кории ҷаласаи навбатии Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020" ҷиҳати амалисозии нақшаи ҷорабиниҳои "Стратегияи  муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020" баррасӣ ва қабул карда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ