02:07 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари расмияш ба ҷумҳурии Сербия бо сарвазири ин кишвар Ана Брнабич густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин бо Ана Брнабич ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар заминаҳои гуногун баррасӣ намуданд, хабар додаст “Ховар” бо такя ба ВУХ Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, вазири умури хориҷии Тоҷикистон сарвазири Сербияро ба Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” даъват намуд.

Инчунин дар назар аст, ки охири ҳафтаи равон вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз Узбакистон боздид кунад.

Рӯзҳои 2 ва 3 феврал сафари Майк Помпео, котиби давлатии ИМА ба Тошканд дар назар буда, мулоқоташ бо вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ барномарезӣ шудааст.  Мулоқот дар формати  C5+1 бо иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.

Барчаспҳо:
сарвазир, мулоқот, Сербия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ