Духтари Ислом Каримов дар бораи сигоркашӣ, қиссаи шикастани пой ва охирон рӯзҳои президент

© © Фонд Ислама КаримоваИслам Каримов с супругой Татьяной Каримовой
Ислам Каримов с супругой Татьяной Каримовой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Духтари нахустин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар рӯзи зодрӯзи падараш ӯро ба ёд овардаву баъзе ногуфтаҳоро гуфтааст

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Ба гуфтаи Лола Каримова-Тиллоева, падараш сигор мекашид. Ба қавли вай, он вақтҳо нафаре дар бораи зарари папирос намедонист. Аммо вақте падари ӯ дар ин бора хабардор шуд, якбора сигордудкуниро бас кард.

"Вақте ки ман таваллуд шудам, падарам 40-сола буд. Хуб дар ёд дорам, ки сигорро чашми дидан надошт. Сигоркашонро бад медид ва тоқати бӯйи онро надошт. Бо ин муносибиташ вай ба атрофиён низ таъсир гузошт", - ба ёд меорад вай.
Ислам Каримов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев: замони ҳукмронии Ислом Каримов даврони тарсу ҳаррос буд

Каримова афзудааст, ки президент ба варзиши касбӣ машғул буд. Гӯштин мегирифт ва боре пояшро шикасту боиси гузаштанаш ба навъи дигари варзиш шуд. 

"Падарам вақте пояшро мешиканад, бо як пой хескунон ба хона меояд. Модарам аз ин рафтори вай ҳайрон мешавад, аммо падар дар посух мегӯяд, ки "тан додан намехост"", - менависад дутари раисҷумҳур дар саҳифаи Иснтаграм.

Каримов ҳангоми раёсати ҷумҳурӣ то нимаи шаб кор мекардааст. Ба гуфтаи духтараш, аллакай соати шаши субҳ падар аз хона берун мешуд. 

"Дертар падарам бозии теннисро хуб омӯхт ва то охири умр ин навъи варзишро хело олӣ бозӣ мекард", - менависад Каримова.

Лола ахирон рӯзҳои умри падарашро ба ёд оварда, қайд кардааст, ки духтурон дар натиҷаи ташхис гуфтанд, ки президент хело боқувват аст ва касе ба вай 78 сол намедиҳад. 

"Падарам доим хӯроки парҳезӣ истеъмол мекард, пурхӯрӣ намекард ва танҳо дар рӯзҳои ҷашн дар хонаводаи мо дастурхонӣ калон густурда мешуд", - менависад дар анҷом Тиллоева.

Раҳмон назди муҷассамаи Ислом Каримов гулчанбар гузошт

Ислом Каримов, аввалин раисҷумҳури Узбакистон 2 сентябри соли 2016 дар пайи сактаи мағзӣ даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0