21:30 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
447 0 0

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар нишасти ҷамъбастӣ, дар вазоратҳо тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар нишасти ҷамъбастии соли 2019 тағйироти кадрӣ анҷом дод, хабар медиҳад рӯзномаи "Золотой век".

Раҳбари давлат муовини сарвазири кишвар оид ба масоили иқтисодӣ Гочмират Муродовро барканор кард. Муродов ҳамакнун аз вазифаҳои ноиби нахуствазир ва намояндаи Туркманистон дар Шӯрои иқтисодии ИДМ, маҳрум шуд.

Муовини сарвазир оид ба масоили энержӣ Чаримират Пурчеков аз ин вазифа озод ва вазири энергетика таъин шуд.

Соенчназар Селимов аз курсии вазири сохтмон ва меъморӣ маҳрум шуду ҷои ӯро муовинаш - Раҳим Гандимов гирифт.

Бердимуҳаммадов Батир Бозоровро аз вазифаи вазири молия ва иқтисоди Туркманистон барканор кард.

Раҳбари нави Палатаи санҷиш Дурдили Дурдилиев, ки пештар муовини раҳбари ин ниҳод буд, таъин шуд

Раисиҷумҳур ҳамчунин дар дигар сохторҳои ҳукуматӣ тағйироти кадрӣ амалӣ карда, чанде аз мақомдоронро сарзаниш кард.

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ