14:15 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
210 0 0

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Андреас Протман, сафири Олмон дар Душанберо бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфта, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Убайдуллоев изҳор доштааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз  густариши  ҳамкориҳо бо Олмон, қабл аз ҳама тиҷорату иқтисодиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, туризм ва  ба хусус ҷалби сармоягузорӣ манфиатдор мебошад, хабар дод котиботи Маҷлиси миллӣ.

“Кишвари мо дорои захираҳои бузурги обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, аз ҷиҳати захираҳои он ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд, аммо имкониятҳои маҳдуди молиявӣ айни замон даст намедиҳанд, ки ин неъмати бебаҳои энергетикӣ, ки заминаи бузурги иқтисоди сабзро ташкил медиҳад ба манфиати иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва берун аз он ба пуррагӣ  истифода бурда шаванд”, - изҳор дошт Убайдуллоев.

Раиси Маҷлиси миллӣ таҷрибаи омӯзандаи Олмонро барои саноатикунонии Тоҷикистон дар роҳи табдили ҷумҳурӣ аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ  хело муфид арзёбӣ кардааст.

Ӯ афзудааст, ҳалли масъалаи зикрёфта бе татбиқ ва суръатбахшии дастовардҳои илмӣ-техникӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос,  аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии бонуфузи Олмон тасаввурнопазир аст. Убайдуллоев изҳори итминон кардааст, ки ҷаноби Сафир дар ин ҷода  саҳми босазо гузошта, нисбати афзудани теъдоди бурсияҳои ҷойдошта барои донишҷӯёни тоҷик тадбирҳои муассир меандешад.

Дар идома Маҳмадсаид Убайдуллоев Афғонистон зикр карда, таъкид намудаст, ки  “мо ҳамчун ҳамсоякишвар - дорандаи сарҳади тӯлонию мураккаб ва умумиятҳои зиёди таърихию фарҳангӣ бо он, аз ҳама беш манфиатдор ва омода мебошем, ки ҳамкориҳоро дар тамоми масоили вобаста ба дастёбӣ ба сулҳи деринтизор, таҳкими амният ва барқарорсозии иқтисодиёт дар кишвари зикрёфта идома диҳем, зеро суботи минтақа дар Осиёи Марказӣ ба вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон робитаи пайваста дорад”.

Андреас Протманн изҳор доштааст, ки бо истифода аз ваколатҳояш барои таҳкиму тақвият ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ҷонибҳо ва тавассути он ба тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳо тадбирҳои судмандро анҷом хоҳад дод.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, рушд, саноат, Тоҷикистон-Олмон

Мавзӯъҳои асосӣ