КМИР Тоҷикистон номзадии Каримовро қабул накард

© Sputnik / Амир ИсаевПарламентские выборы в Таджикистане
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комиссия ҳамчунин 2 қарор дар бораи баргардонидани гарави интихоботӣ ба шаҳрвандон Солиҳов  ва Садировро, ки ҳуҷҷатҳои худро барои вакиль ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаҳои интихоботии  Файзобод №11 ва Қубодиён №31 пешниҳод карда буданд, қабул намудааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарори комиссияи ҳавзавии Ҷалолиддин Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020 №4-ро бинобар ғайриқонунӣ будан бекор кард.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Агар вакил шавам...: 30 ваъдаву ҳадафи Рустами Эмомалӣ пеш аз интихобот

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", комиссия пас аз омӯхтани қарори комиссияи ҳавзавии номбурда ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи А. Каримов муайян намудааст, ки ҳангоми ба қайд гирифтан синни ӯ ба 30 нарасидааст.

Комиссияи ҳамчунин 2 қарор дар бораи баргардонидани гарави интихоботӣ ба шаҳрвандон З. Солиҳов  ва А. Садировро, ки ҳуҷҷатҳои худро барои бақайдгирӣ ба сифати номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаҳои интихоботии  Файзобод №11 ва Қубодиён №31 пешниҳод карда буданд, қабул намуд.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳамчунин дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2020  доир мегардад, 108 нафар мушоҳидони байналмилалӣ сабти ном шудаанд.

Тибқи қарори КМИР, мушоҳидони байналмилалӣ аз кишварщои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Урупо ва як қатор сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аккредитатсия карда шуданд.

Манбаъ афзуда, ки КМИР ба қарори худ аз 11 декабри соли 2019, №18 тағйирот ворид намуд. Ғайр аз ин, бо қарори ҳамин Комиссия шахси боэътимоди Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0