23:32 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
395 0 0

Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Норвегия (бо қароргоҳ дар Вена)  Идибек Қаландар бо Шоҳи Норвегия Ҳаралди V дидору мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Рӯзи 13 феврал сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Норвегия (бо қароргоҳ дар Вена)  Идибек Қаландар эътимодномаи худро ба Шоҳи Норвегия Ҳаралди V супорид.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар суҳбате, ки пас аз анҷоми маросими супоридани эътимоднома сурат гирифтааст, сафири Тоҷикистон ба шоҳи Норвегия паёми шодбоши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонида, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Норвегия изҳор доштааст.

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба самтҳои муҳиммияти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Норвегия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намудаанд.

Таъини сафирони Тоҷикистон дар Норвегияю Финландия ва нафақаи Ҳикматзода

Ёдрас мешавем, ки Қаландар Идибек моҳи январи соли равон, тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Австрия ҳамзамон сафир дар Шоҳигарии Норвегия таъин гардид.

Барчаспҳо:
паём, супоридани эътимоднома, эътимоднома, Норвегия

Мавзӯъҳои асосӣ